Восеъ

Восеъ (Абдулвосеъ, Мулло Восеъ; тақр. 18451847, Деҳаи Норинҷи амлокдории Хулози бекигарии Дарвоз — 1888, Шаҳрисабз) — шахсияти таърихӣ, пешвои шӯриши халқӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи манғитиёни Аморати Бухоро.

Восеъ
Мулло Восеъ
Сурат
Ном ҳангоми таваллудАбдулвосеъ
Таърихи таваллуд1845(1845)
ЗодгоҳВодии Вахиё, Деҳаи Норинҷ
Таърихи даргузашт1888(1888)
Маҳалли даргузаштШаҳрисабз
ПадарШакар

Зиндагиномавироиш

Восеъ писари Шакар писари Белак зодаи деҳаи Норинҷи водии Вахё мебошад, ки дар манотиқи Хулози ин води ҷойгираст. Сабаби кӯчиданаш бо авлодонаш аз Норинҷ, кашмошиҳои мардуми Хулоз бо беки Қаротнгин мебошад. Барои аз зулму қасди бек кушта нашаванд ба Дараи Мухтори Ховалинг мекӯчанд. Восеъ кишоварз буд ва дар авони камолот баҳору тобистон дар саҳро ва зимистон дар ҷувозхона кор мекард. Восеъ аз рӯйи нақлу ривоятҳо хеле тануманду бақувват буда, дар маъракаҳои куштигирӣ, бузкашӣ ва вазнбардорӣ пайваста ғолиб меомад, ки ин боиси эҳтироми ӯ дар миёни ҳамдеҳагону амлокдориҳои ҳамсоя мегардид. Восеъ ҷавонмарди ҷасур, ростқавл ва хушҳулқ буда, кори ҳалол ва адолати инсониро меписандид. Аз рӯйи баъзе далелҳо, Восеъ алайҳи лашкари амири Бухоро Музаффархон тайи солҳои 1869–70 бо сарварии ҳокими Кӯлоб Сарабек ҷангида, таҷрибаи кофӣ ҳосил кард, ки минбаъд ба сифати роҳбари шӯриш барояш кор дод.

Шӯриши Восеъвироиш

Мақолаи асосӣ: Шӯриши Восеъ

Восеъ аз муносибати бераҳмонаи намояндагони амлокдору бек, ки мехостанд андозу маҷбуриятҳои се–чор соли хушксолиро аз ҳисоби ҳосили соли 1888 рӯёнанд, шӯрида, мардумро ба ошӯб даъват намуд. Бо даъвати Восеъ ошӯбгарон дарҳол амлокдори Ховалинг ва сарбозонашро асир гирифтанд. Дар оғози шӯриши соли 1888 аввал 600 нафар, баъд аз бекиҳои Балҷувону Кӯлоб ва Муъминобод ҳазорон деҳқону ошӯбгар ҷамъ омаданд. Рафти шӯриш қобилия­ти баланди ташкилотчигии Восеъро нишон дод. Бо фармони Восеъ дастаҳои Ҳикмат, Нозим, Назир, Юсуф-паҳлавон ва дигарон ба самти Балҷувон ҳаракат карда, дар деҳаи Сурхоб сарбозони беки Балҷувон – Мирзо Акрамро шикаст доданд ва қалъаи Балҷувонро ишғол намуданд. Ҳангоми шӯриш Восеъ дар чандин муҳориба пирӯз шуда, бекҳои Балҷувон, Кӯлоб, Ҳисор ва амири Бухороро ба таҳлука афканд. Беки Балҷувон ба тарафи Кангурт ва аз он ҷо ба Ҳисор гурехт. Дастаҳои Восеъ ӯро дунболгир карда, Кангурт, Пушинг, Тутқавул ва Оқсуро ишғол намуданд. Восеъ баъди пирӯзӣ дар қалъаи Балҷувон муддате ҳокимияти халқиро таъсис дод, ки дар он Юсуф-паҳлавон вазир ва Муллоназир девонбегӣ таъйин шуданд. Амири Бухоро ба муқобили онҳо бо сарварии Яъқубҷон (сарлашкар) ва Остонақул (беки Ҳисор) сарбозонро фиристод. Дар Тутқавул сипоҳиёни амири Бухоро ба муқобилати сахти дастаҳои Восеъ дучор омаданд. Вале бартарии силоҳ, афзунии сарбозони амир ва низоми ҷангии онҳо ҷонибдорони Восеъро ба ақибнишинӣ водор намуд.

Шикасти Восеъвироиш

Дар охири июли 1888 сарбозони амир дастаҳои ошӯбгарони Восеъро дар Кангурт шикаст дода, маркази Балҷувонро аз онҳо озод намуданд. Восеъ бо дастаҳои боқимондааш ақибнишинӣ карда, неруи нав ҷамъ овард ва дубора қалъаи Балҷувонро фатҳ намуд. Вале сарбозони ба ёрӣ расидаи амир ин дафъа дастаҳои Восеъро муҳосира намуда, 130 нафари онҳоро асир гирифта, ба Бухоро фиристоданд. Восеъ бо дастаи ками ҳамяроқонаш ақибнишинӣ карда, дар мавзеи мушкилгузари Шӯробдара ва Калоти Зард маскан гирифт. Амир барои сари Восеъ 1500 тангаи тило ваъда дода, ҷиҳати дастгир кардани ӯ ҳамаи имкону воситаҳо, аз ҷумла ришвадиҳӣ, пешниҳоди вазифаҳои маъмурӣ, амалиёти ҷосусӣ, иғвои намояндагони дин ва ғайраро истифода менамуд. Дере нагузашта бо ёрии ҷосусон ва хиёнати яке аз ҳамсафон сарбозони амир Восеъро асир гирифта, ба Шаҳрисабз бурданд, ки дар он ҷо амир шахсан барои ҷазо додани ӯ омада буд. Восеъро баъди истинтоқ тирамоҳи соли 1888 дар тоқи Оқсарой ба дор овехтанд. Сабаби асосии шикасти Восеъ нобаробарии неруҳо, бо силоҳ таъмин набудани дастаҳои шӯришгарон, мав­ҷуд набудани нақшаи амалиёти ҳарбӣ, коҳиши таъминоти озуқаворӣ ва ғайра гардид.

Суруду достон, нақлу ривоятҳо дар бораи Восеъвироиш

Дар бораи Восеъ дар замони зиндагиаш ва пас аз маргаш суруду достонҳо, шеърҳову таронаҳо, нақлу ривоятҳо, хотираҳо ва ғайра эҷод шудаанд, ки машҳуртарини онҳо суруди таърихии «Шӯриши Восеъ» мебошад. Ба ғайр ин суруд дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дар бораи Восеъ суруду таронаҳо, марсияҳо низ мавҷуданд, ки баъзеашон бо жанри рубоӣ гуфта шудаанд. Яке аз онҳо марсияи «Додар дар ҷанги Восеъ» ном дорад, ки аз гуфтори пиразан Назокат Юсуфова сабт гардидааст. Ӯ ин суруди марсиявиро бо оҳанги нолаи ғамангез бештар дар сӯгвориҳо месароид. Инчунин муҳаққиқони фолклори тоҷик сурудҳое бо номҳои «Восеъ» гуфт: «Камон бигиред», «Восеъ ғазост имрӯз», «Восеи шердил», «Зулм бақо надорад», «Гулъизор аст нолон», «Восеъ ба асп савор» гирдоварӣ кардаанд, ки ба воқеаҳои он замон ва шахсияти Восеъ мансубанд. Дар бораи Восеъ адибон шеъру достон, намоишномаву филмномаҳо таълиф намудаанд. Намоишномаҳои «Шӯриши Восеъ»-и Фитрат (1927), операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (либреттои М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) (1941), «Восеъ»-и С. Улуғзода (1987) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз рӯйи романи «Восеъ»-и С. Улуғзода силсилафилми «Ашк ва шамшер» (таҳиягар Т. Собиров, 1991) офарида шудааст. Инчунин, дар шеърҳои М. Қаноат, Ғ. Мирзо, М. Шералӣ, Гулназар, С. Айюбӣ ва дигарон аз Восеъ чун пешвои шӯришгарон ва қаҳрамони озодихоҳу ватандӯст ёд гардидааст.

Бузургдошти Восеъвироиш

Дар вилояти Хатлон ноҳияе ба номи Восеъ, дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи Восеъ, дар шаҳри Кӯлоб кинотеатр ба номи Восеъ гузошта шудаанд. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон осорхонаи Восеъ мав­ҷуд аст.

Нигаред низвироиш

Эзоҳвироиш

Адабиётвироиш

  • Бузургзода Л., Ҷалилов Р. Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор. Сталинобод–Ленинград, 1941;
  • Восеънома /Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор ва тавзеҳот Б. Шермуҳаммадов. Д., 1985;
  • Пирумшоев Ҳ. Аз таърихи омӯзиши шӯриши Восеъ. Д., 1992;
  • Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ҷ. II. Д., 1963;
  • Маъсумӣ Н. Фолклори тоҷик. Қисми 1 (нашри 2). Д., 2005;
  • Умарова Ш. Таджикские народные исторические песни. Автореферат кандидатской диссертации. Д., 1999.

Сарчашмавироиш

  • Восеъ / Ҳ. Пирумшоев, Р. Раҳмонӣ, Ш. Умарова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
🔥 Top keywords: Саҳифаи аслӣВижа:ҶустуҷӯҶастин БиберТоҷикистон26 ИюнЗабони тоҷикӣИёлоти Муттаҳидаи АмрикоСадриддин АйнӣИндонезияНаврӯзМодул:ArgumentsБипаша БасуБаҳорТаърихи ТоҷикистонДавлати СомониёнИсломЭмомалӣ РаҳмонПарчами ТоҷикистонМучалВикипедиа:Ошноӣ бо донишномаКонститутсияи ТоҷикистонХунЭкологияУмари ХайёмЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадРоҳнамо:МундариҷаФарҳанги ТоҷикистонҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣАвестоБарномаи компютерӣИбни СиноNetflixТоҷикон (китоб)Абдурраҳмони ҶомӣВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонАҳолии ТоҷикистонВилоятҳои ТоҷикистонҚаҳрамони ТоҷикистонБобоҷон ҒафуровҚуръонОморСаноати ТоҷикистонБомдод (намоз)IPv6Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонДушанбеЗабонВилояти СуғдМирзо ТурсунзодаҶанги Бузурги ВатанӣДилКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонДилрабо МансурӣКитобхонаи миллии ТоҷикистонФунксияҳои тригонометрӣНамози қасрНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣИнтернетГардиши хунУзвҳои таносули занонаВикипедиа:Тамос бо моАндозБонки миллии ТоҷикистонИттилоотГулистон (асар)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИсм (дастури забон)Абулқосим ЛоҳутӣАхлоқАлифбои арабӣВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонНосири ХусравҲиссаҳои нутқСотим УлуғзодаТаровеҳНерӯгоҳи барқи обии РоғунЭшони НуриддинҷонҶумҳурии Мардумии ЧинДавлати исломии Ироқу ШомДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонМаркетингҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонДонишгоҳи миллии ТоҷикистонИсмоили СомонӣТоҷиконҶанги ҷаҳонии дувумСаидмурод ДавлатовНишони ТоҷикистонВижа:Тағйироти охиринПудинаВладимир ПутинПулпитЗаминMicrosoft WordВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонГули садбарг